Шамсиддин Орумбекзода бо Ҷон Марк Поммершайм мулоқот намуд

2 август Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду давлат, аз ҷумла васеъ кардани доираи ҳамкорӣ дар соҳаҳои санъати театрӣ, мусиқию рақс ва ташкили барномаҳои муштараки фарҳангӣ изҳори андеша намуданд.

Мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт. Дар интиҳои вохӯрӣ Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввараи кундал тақдим намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: