Варзишгарони навраси тоҷик аз Тошканд бо медал баргаштанд

Варзишгарони навраси ноҳияи Мастчоҳ таҳти роҳбарии Александр Пронженко, мураббии мактаби варзишӣ дар мусобиқаи Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук рӯзҳои аввали моҳи март дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, бо натиҷаҳои хуб баргаштанд.
Тавре аз Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар доданд, дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарони наврас аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Варзишгарони навраси тоҷик Лолахон Ҷумъаева, Леонид Пронженко, Беҳзод Авезов ва Муҳаммадалӣ Мирзозода соҳиби ҷои сеюм гардиданд.

Tags: