Вакилони шаҳри Душанбе дар иҷлосияи навбатӣ рушди соҳаи саноатро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд

15 июли соли равон  Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  баргузор мегардад. Дар  ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба имзо расид.

Дар иҷлосияи  мазкур ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе вобаста ба рушди соҳаи саноат, бахусус бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва дар ин замина баланд бардоштани иқтидори содиротии шаҳр ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шунида мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба рӯзномаи иҷлосия ҳамчунин масъалаҳои зерин: дар бораи вазъи татбиқ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон; ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе ворид гардидаанд.

Тибқи қарори дахлдори  Раиси шаҳр, барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ  таъсис дода шуда,  вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум бояд то  10 июли соли 2019 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намоянд. Ҳамзамон аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххас пешниҳод  намоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: