Баробари ба истифода додани «Талко Голд» Тоҷикистон аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон ба ҷойи сеюм мебарояд

Имрӯзҳо корҳо дар сохтмони корхонаи бузурги саноатии ҶСП «Талко Голд» дар ноҳияи Айнӣ бо суръатпеш рафта истодаанд. То имрӯз ҳудуди 5 километр нақб барои истихроҷи тилло, сурма ва дигар металлҳо канда шудааст. Баробари ба истифода додани ин корхона Тоҷикистон метавонад аз рӯи истихроҷ ва истеҳсоли сурма дар ҷаҳон баъд аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия ба ҷойи сеюм баромада, дар ҷодаи саноатикунонии иқтисодиёт боз як қадами устувор гузорад.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Раиси вилояти Суғд пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо бо намояндагони ҶСП «Талко Голд» мулоқот намуда, дастур додааст, ки ҳангоми бунёди корхона ба масъалаи ҳифзи муҳити зист низ таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад.

ҶСП «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айни бунёд гардида истодааст. Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон мебошад, ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма- асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд. Ҳамаи унсурҳои кимиёии зикргардида дар мамлакати мо истихроҷ ва коркард шуда, тилло, нуқра ва сурма дар шакли маҳсулоти ниҳоӣ, яъне металл истеҳсол карда мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: