Вакилони Парлумони Тоҷикистон созишномаҳои қарзиро ба тасвиб расониданд

Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, ки 11 октябр таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси палатаи  поёнии Парлумони Тоҷикистон доир гардид, ду Созишномаи қарзиро ба тасвиб расониданд. Ин санадҳо  Созишномаи қарзӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вобаста ба лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе- Қӯрғонтеппа (коридори 2,5 ва 6 CAREC)», Созишномаи қарзӣ байни муассисаи давлатии «Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии ноҳияи Ёвон» мебошанд.

Созишномаҳоро дар Парлумон Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Худоёр Худоёрзода,  муовини Вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Нурмаҳмадиён ва вакилони мардумӣ  Хайрулло Асозода ва Баҳодур Акрамзода тавзеҳ дода, зикр намуданд, ки саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур 17,18 млн. доллари амрикоӣ муайян шудааст. Арзиши умумии лоиҳа бо назардошти саҳми Бонки Осиёии Рушд, Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 96,38 млн. доллари амрикоӣ ҳисобӣ шудааст.

Ҳамзамон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси  намояндагон  вакилон  лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро баррасӣ ва қабул карданд.  Вакилони Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор ва Нурулло Оқилзода зимни шарҳи масъалаҳои мазкур таъкид намуданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллӣ Ф. Раҳимӣ, М.Имомзода ва вакили Маҷлиси намояндагон З.Исмоилзода бо мақсади мутобиқгардонии қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани норасоию номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ ва мухолифатҳои меъёрҳои ҷойдошта таҳияю пешниҳод гардидааст.

АМИТ "Ховар"