Туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хона-музейи устод С. Айнӣ дар шаҳри Самарқанд

ТВТ.19.09.2022. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба хона-музейи устод Садриддин Айнӣ китоби «Тоҷикон»-и аломма Бобоҷон Ғафуровро ҳамчун рамзи эҳтиром ба сардафтари адабиёти муосири тоҷик тақдим намуданд, иттилоъ медиҳанд хабарнигорони АМИТ «Ховар».

«Ҳамчун рамзи эҳтиром ва гиромидошти шахсияти бузурги устод Садриддин Айнӣ ин китоб ба хона-музейи ёдгории устод С. Айнӣ эҳдо гардид. Хизмати устод С. Айнӣ барои халқи тоҷик барҷаста ва беназир аст», — омадааст дар дастхате, ки дар саҳифаи аввали китоб аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст.

Китоби мазкур аз номи Пешвои миллат аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Аъзамшо Шарифӣ, Сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ҳузури як зумра зиёиёни шаҳри Самарқанд тақдим карда шуд.

Зимни тақдими китоб зикр гардид, ки нақши устод С. Айнӣ дар тарбияи насли нави адибони тоҷик ва узбек беназир мебошад.

Гуфта шуд, ки дар садаи ХХ устод Садриддин Айнӣ идомадиҳандаи анъанаҳои неки чандасраи равобити дӯстонаи тоҷикон ва узбекон буда, дар ин роҳ хидмати шоистаеро ба анҷом расондааст. Устод Айнӣ бо адибони узбек — Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулло Қодирӣ ва Ғафур Ғулом ҳамкории наздики эҷодӣ барқарор карда, дар тарбияи онҳо нақши назаррас дорад. Вай аз аввали қарни ХХ бо ду забон — тоҷикӣ ва узбекӣ асар эҷод карда, ба тақдири халқи узбек ва сарнавишти фарзандони он баҳои воқеӣ додааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: