Тоҷикистон ва Қазоқистон рушди робитаҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ намуданд

Масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дирӯз дар мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев баррасӣ гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо оид ба имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои иштирок дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории онҳо 26-29 июли 2021 дар Душанбе дар назар аст, пазируфт.

АМИТ «Ховар»

Tags: