Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамкории сайёҳиро дар шароити пандемия густариш медиҳанд

Густариши ҳамкорӣ  дар соҳаи сайёҳӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷалби сайёҳон аз кишварҳои ҳамдигар дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва  Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар дар Душанбе қарор гирифт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиад.

Мусоҳибон роҷеъ ба вазъи кунунии эпидемикӣ дар иртибот ба   бемории сироятии COVID-19 ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан соҳаи сайёҳии давлатҳои ҳамҷавор мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот Муҳаммад Зоҳир Ағбар ҳавасмандии ҷониби Афғонистонро ҷиҳати истифодаи шаҳрвандони ин кишвар аз фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун транзит ба дигар кишварҳо ва боздиди сайёҳон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва зиёратии Тоҷикистон таъкид намуд. Ҳамзамон Сафири Афғонистон омодагиашро барои густариши ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ иброз намуда, зарурати таҳияи муштараки механизмҳои ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои сайёҳии ду давлати ҳамҷаворро ба миён гузошт.

АМИТ «Ховар»

Tags: