Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни суҳбат сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар ин зимн президентҳо ҷиҳати идомаи муколамаи байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ бо мақсади пешбурди ҷанбаҳои мухталифи ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон ба мувофиқа расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику муборакбод намуданд.

Суҳбат дар фазои озод, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстона доир гардид.

АМИТ «Ховар»

Tags: