«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ». Дар шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиш ифтитоҳ ёфт

ТВТ.30.08.2022. 29-уми август дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» ифтитоҳ гардид, ки то 15 сентябр идома менамояд. Кормандони касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони шаҳри Панҷакент имкон доранд бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи ниёгон ва нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният шинос гарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фариддун Кенҷаев хабар дод, дар ифтитоҳи намоиш Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода, муовини Раиси шаҳри Панҷакент Парвина Нақибӣ, Сарвари Пойгоҳи бостоншиносии Саразм ва Панҷакенти Қадим Норинисо Худоёрова, Директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таьрихӣ-кишваршиносии ба номи А. Рӯдакӣ Мақсудҷон Мирзобзода, Директори Маҷмааи таърихию фарҳангии Панҷрӯд Умарҷон Саидов, кормандони дастгоҳи марказии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода зикр намуд, ки бисёр рамзист, ки шакли сайёри намоиши «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар вилояти Суғд аз шаҳри Панҷакент оғоз гардид. Зеро экспозитсияи намоиши мазкур низ аз бозёфтҳои яке аз ёдгориҳои машҳури ҳамин шаҳр бо номи «Саразм» оғоз гардида, ин ва дигар ёдгориҳои ин намоиш дар самти шиносоии қишрҳои гуногуни ҷомеа бо осори ниёгон ва баланд бардоштани ҳисси худшиносиву ватандӯстии онҳо нақши муассир дорад.

Дар намоиш зиёда аз 100 адад ашёи таърихии марбут ба миллати тоҷик аз фонди Осорхонаи миллӣ ба тамошо гузошта шудаанд, ки  инъикосгари таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик буда, фарогирандаи ҳазораи 4 то мелод ва давра ба давра то асри 10 мелодӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шакли хурди намоиши «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» давоми як моҳ дар осорхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Ба ин восита мардуми маҳаллӣ имконият пайдо намуданд, ки бидуни сафар ба пойтахти кишвар аз намоиши сайёр дидан намуда, бо осори таърихии ниёгон шинос гарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: