Ҳамлаи кордбадастон дар Чин 5  кушта ба ҷой гузошт

Дар қисми шимолу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин се нафар ҷинояткорони бо корд мусаллаҳ ба гуруҳи одамон ҳамла кардаанд.

Ба иттилои расонаҳо дар натиҷаи ҳодиса, ки дар вилояти худмухтори Синзян Уйғур ба амал омадааст,  5 нафар ба ҳалокат расида, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Гуфта мешавад, кормандони мақомоти полис дар маҳалли ҳодиса ҷинояткоронро безарар кардаанд.

Tags: