Тоҷикистон ба сӯи давлати индустриалӣ қадамҳои устувор мегузорад

Интизор меравад, ки дар доираи татбиқи 9  созишномаи сармоягузорӣ ва 1 консессиявӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон 15 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда шаванд. Дар ин росто,  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бо татбиқи самараноки созишномаҳои сармоягузорӣ  дар ҷумҳурӣ беш аз 7 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гашта, зиёда аз 1,8 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақим ба иқтисодиёти мамлакат ҷалб карда мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, то ин давра дар доираи созишномаҳои сармоягузории мазкур бархе аз  корхонаи истеҳсолӣ, назири корхонаи нӯшокиҳои ташнашикани  «Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон», корхонаи металлургии «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Хитой»,  «Хуаксин Ғаюр Семент», корхонаи истеҳсоли семент ва халтаи «Ширкати байналмилалии истеҳсолии Чжунгсай Моҳир Семент», корхонаи металлҳои ранга ва корхонаи ғанигардонии маъдани «Покрӯд»  ба истифода дода шуданд.

Ҳамзамон корхонаи коркарди нафти «ТК Ойл» дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар марҳилаи баистифодадиҳӣ қарор дорад.

АМИТ "Ховар"