«Тоҷик Эйр» ба мусофирони хурдсоли худ тахфифҳои 100 ва 50- фоиза пешниҳод менамояд

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов зимни нишасти матбуотии имрӯза гуфт, ки дар соли сипаригашта ширкат барои мусофирони то 5- солаи худ тахфифҳои 100 фоиза ва аз 5 то 12- сола тахфифи 50 фоиза пешниҳод намуд.
«Соли гузашта «Тоҷик Эйр» ба беш аз 300 ҳазор мусофир хизмат расонид, ки нисбат ба соли 2015-ум 12 ҳазору 812 нафар зиёд мебошанд. Сабаби бештар гаштани муҳоҷирон — ин афзоиши ғунҷоиши тиҷоратӣ ба 9,6 фоиз, бандкунии курсиҳо ба 1,1 фоиз ва иҷрои барномаи «Ҳаҷ-2016» мебошад»,-илова намуд Хайрулло Раҳимов.
Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз 2 ҳазору 802 парвози иҷрогардида дермонии иҷрои парвозҳо 23,1 фоизро ташкил дод.
Сабаби дермонии парвозҳоро Хайрулло Раҳимов ба номусоидии вазъи ҳаво, бақайдгирии тӯлонии мусофирону боғоҷ, иҷрои корҳои фурудгоҳию тафтишоти давлатӣ ва ғайра рабт дод.
«Дар ҳолати дермонии парвозҳо кормандони ширкат мусофиронро пештар огоҳ менамоянд. Дар мавриди дер кардани мусофир ба парвози транзитӣ пули чиптаи вай ба он самт 100 фоиз ҷуброн карда мешавад»,-илова намуд директори генералии «Тоҷик Эйр».

АМИТ «Ховар»

Tags: