Варзиш

Варзишгарони тоҷик соҳиби 4 медал шуданд

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми раиси FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо), ки рӯзҳои 2-3 сентябр дар шаҳри Донҳэи Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд, дар рақобатҳо оид ба самбои размӣ ва самбои варзишӣ чаҳор медал - як тилло, як нуқра ва ду биринҷӣ ба даст оварданд.

Мубориз Мунавваров дар Фестивали бозиҳои варзишии ИДМ мақоми аввалро гирифт

Аз 11 то 17 августи соли равон дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Россия нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гашт.

Рақобати “Истиқлол” бо “Серес Негрос”- дар Ҷоми AFC

Бозии аввали даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё - 2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Серес Негрос»-и Филиппин 22-юми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 19:00 шуруъ мешавад. 

Страницы