Мубориз Мунавваров дар Фестивали бозиҳои варзишии ИДМ мақоми аввалро гирифт

Аз 11 то 17 августи соли равон дар шаҳри Уляновскии Федератсияи Россия нахустин Фестивали бозиҳои варзишии миллии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид, ки дар он корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гашт.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар мусобиқа варзишгарони 11 давлати узви ИДМ иштирок намуда, тайи 7 рӯз байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Миёни ширкаткунандагони Фестивали бозиҳои варзишӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро корманди Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Мубориз Мунавваров муаррифӣ намуд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мусобиқа аз намуди гӯштини самбо Мубориз Мунавваров дар рақобат бо ҳарифони худ дар вазни 74 килограмм дастболо ва сазовори ҷои ҷойи аввал гардид.

АМИТ "Ховар"