25 соли Истиқлол

Дилшод Назаров изҳор дошт, ки тамоми тоҷикистониён хоб накарда, ҳунарнамоии ӯро пайгирӣ менамуданд

Қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз рӯйи гурзандозӣ Дилшод Назаров изҳор дошт, ки аз рӯйи «лайкҳо»-и шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми тоҷикистониён ҳангоми баромади ӯ бедор будаанд. Дар ин бора «Р-Спорт» иттилоъ медиҳад.

Дилшод Назаров дар Рио – 2016 медали тиллоро ба даст овард

Гурзандози  шинохтаи тоҷик Дилшод Назаров, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар мусобиқот оид ба  гурзандозӣ  тибқи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи  78.68 м партоб намуда, медали тиллоро ба даст овард.

Страницы