Тоҷикистон ва ҷаҳон

Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳое, ки барои сайёҳӣ ҷолибанд, 12 зина боло рафт

Дар шохиси ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷойи имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Дар ин бора сомонаи «eadaily.com» хабар медиҳад.

Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Маркази миллии тестӣ: муҳлати бақайдгирӣ то 30 апрел тамдид карда шуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки бо сабаби зиёд будани хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ муҳлати бақайдгирӣ (даври асосӣ) то 30 апрел тамдид карда шуд.

Страницы