Тоҷикистон ва ҷаҳон

Қонуни танзим — асоси сарфи боадолатонаи буҷаи ҳар як оила: бардошт аз мулоқот бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ

Ҳайати кории намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон бо сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба тарғиби моҳияти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумхурии Точикистон   «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мулоқот доир карданд. 

Дар шарқи Тоҷикистон боридани барф пешгӯӣ мешавад

Ба иттилои мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири ҳафтаи моҳи сентябр вазъи ҳаво дар кишвар тағйирёбандаи абрнок боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо пастшавии ҳарорат, бориши боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои шарқии мамлакат боридани барф пешгӯӣ мешавад. 

Ҷоми КФО: дастаи «Истиқлол» дар марҳилаи финалии байниминтақавӣ бо дастаи «Бенгалуру» қувва меозмояд

Рақиби чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол- дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар марҳилаи финалии байниминтақавӣ дар доираи Ҷоми КФО муайян гардид.

«Дар ин марҳила дастпарварони Муҳсин Муҳаммадиев бо дастаи «Бенгалуру»-и Ҳиндустон вориди майдон хоҳанд шуд»,- хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Страницы