Тоҷикистон ва ҷаҳон

Мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашқободи Туркманистон дар ҳошияи маросими ифтитоҳи 5-умин Бозиҳои осиёӣ бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқоти дуҷониба намуданд.

Дар Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад

25 сентябр, соати 9:00 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Иҷлосияи мазкур бо қарори навбатии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ даъват карда шудааст. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Оғози даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 ба хизмати ҳарбӣ дар Душанбе

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2017 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

Страницы