Тақдими мукофотҳои Бунёдгузори НБО «Роғун» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 22 ҳазор коргари иншооти аср
Опубликовано ср, 14/11/2018 - 12:57 пользователем tvt
Саҳм гузоштан дар бунёди иншооти муҳиму тақдирсоз — Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Кохи нури Тоҷикистон” ва “ҳаёту мамоти мардуми тоҷик” номида буданд, барои ҳар як фарди дилогоҳ шараф аст.


14 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба беш аз 100 нафар мутахассисони касбу кори гуногуни арсаи нангу номус мукофотҳои давлатӣ супориданд.
Дар ҳар як марҳила шахсоне сари қудрат меоянд, ки онҳо барои рушди кишвар ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ тамоми қобилият ва маҳорати кордонии хешро сарф карда, манфиати давлат ва Ҳукуматро аз манфиати шахсӣ боло медонанд.