Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулгашт ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд
Опубликовано чт, 01/10/2020 - 12:18 пользователем admin21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.
Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

