Исмон Хушбахтов, раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №45: «Интихобот дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд ҷараён дорад»

Дар ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 59 участкаи интихоботӣ, 648 аъзо ва 18 ҳазору 910 нафар овоздиҳандагон мавҷуд мебошанд, ки аз ин шумора 2 ҳазору 931 нафар бори аввал раъй медиҳанд. Дар ин бора раиси ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 Исмон Хушбахтов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Раиси  ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 афзуд, ки интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст. Аз шумораи овоздиҳандагон 154 нафараш шахсони дорои имконияти маҳдуд мебошанд, ки барои онҳо  қуттии сайёр ташкил гардидааст

Дар ҳавзаи мазкур барои интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароити мусоиди овоздиҳӣ, аз ҷумла, дастурамалҳо, қуттиҳои овоздиҳӣ, ҳуҷраҳои махсус барои модару кӯдак, ҳуҷра барои табибон фароҳам оварда шудаанд.

Исмон Хушбахтов  зикр кард, ки бо назардошти  риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемикӣ дар шароити пандемия тамоми  участкаҳои интихоботии ҳавзаи интихоботии Кӯлоб,№45 бо маводи антисептикӣ, ниқоб, либосҳои муҳофизатӣ ва дастгоҳҳои тиббии ҳароратсанҷ- тепловизорҳо таъмин  гардидаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: