Хабар

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Нуробод

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Қабл аз ҳама, кулли мардуми заҳматқарини ноҳияи Нуробод ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – 33-солагии истиқлоли давлатӣ, ки ду рӯз пеш таҷлил гардид, самимона табрик мегӯям.

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад

ДУШАНБЕ, 10.10.2024 / АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Садои дил» Фестивали ҷумҳуриявии фалаксароён баргузор мегардад. Аз соли 2007 инҷониб бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар мамлакат 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз  ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи  5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

Страницы