Хабар

Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд

ДУШАНБЕ, 16.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Хорватия муҳтарам Зоран Миланович барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Лутфан табрикоти самимӣ ва таманниёти неки инҷонибро ба муносибати интихоб шуданатон ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Хорватия қабул фармоед.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён

16.01.2025, шаҳри Душанбе

Муҳтарам намояндагони васоити ахбори омма,

Дар оғоз бори дигар ташрифи меҳмони гиромӣ, Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ва ҳайати ҳамроҳашонро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам мегӯям.

Мо таваҷҷуҳи хоссаи Ҷумҳурии Исломии Эронро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр мекунем.

Музокироту вохӯриҳои имрӯза мисли ҳамеша дар фазои дӯстона, ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ сурат гирифтанд.

Страницы