Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд
Опубликовано пт, 08/10/2021 - 11:23 пользователем admin8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.


8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.