АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 4-5 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст

4-5 ноябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст, иттилоъ доданд аз  Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

4 ноябр дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. 5 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои вилояти Суғд бориши бошиддат ба амал омада, бадшавии дурии биниш аз эҳтимол дур нест.

Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

4 ноябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-10 дараҷа паст мешавад.

5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд.

АМИТ  «Ховар»

Tags: