ИМРӮЗ НИШАСТИ ФАВҚУЛОДАИ СААД ДОИР МЕШАВАД. Роҳбарони кишварҳои узви ин созмон вазъи Қазоқистонро баррасӣ менамоянд
Опубликовано пн, 10/01/2022 - 11:54 пользователем admin
Роҳбарони кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) имрӯз, 10 январ дар шакли видеоконфронс нишасти ғайринавбатӣ доир намуда, ҷараёни ҳодисаҳо дар Қазоқистонро, ки дар он ҷо чанд рӯз инҷониб амалиёти зиддитеррористӣ идома дошта, ба он неруҳои дастҷамъии сулҳовари СААД сафарбар шудаанд, баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».


Дар бетартибиҳое, ки боиси сар задани эътирозҳои зиёд дар Қазоқистон гардиданд, ҷангҷӯёни ҷонибдори исломгароён иштирок доштанд. Онҳоро дар хориҷа омода кардаанд.
Дар Узбекистон штамми нави COVID-19- «омикрон» ошкор гардид. Онро дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки 7 январ вориди кишвар шудааст, ошкор намуданд.