Намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро, ки дар Душанбе доир мешавад, баррасӣ намуданд
Опубликовано ср, 19/01/2022 - 10:14 пользователем admin
Дирӯз, 18 январ дар шаҳри Минск нишасти нахустини Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.


Дар Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода бо Мудири иҷроияи Департаменти сайёҳӣ ва тиҷорати бозаргонии Дубай Иссам Казим мулоқот намуд.
18 январ дар Анқара вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулуси Акар доир гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.