Дар маҷаллаи Австриягии «Society Magazine» силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон нашр шуданд
Опубликовано вт, 21/06/2022 - 08:26 пользователем tvt
ТВТ.21.06.2022. Дар шумораи навбатии маҷаллаи «Society Magazine» (Австрия), ки 10 июни соли 2022 интишор гардид, силсиламақолаҳо дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла маълумоти мухтасар оид ба таърих, фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва хӯрокҳои миллӣ бо намоиши аксҳои табиати ғании кишвар нашр шуданд.


ТВТ.21.06.2022. Ду синамогари олмонӣ — Ҳаралдфон Виковски ва Маттиас Майер бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон тавассути филмҳои кутоҳмуддат ба мардуми Олмон ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
ТВТ.21.06.2022. То 17 июни соли равон дар ҷумҳурӣ аз майдони 75 ҳазору 980 гектар зироатҳои ғалладонагӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Миқдори ҷамъовари гардидани ғалладонагӣ 275 ҳазору 702 тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.