Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл мулоқот намуд

ТВТ. 23.06.2022. Вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия имрӯз дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир гардида, таъкид шуд, ки  давоми 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия бо талошҳои муштарак ҳамгироии байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бемайлон густариш ёфта, сатҳу зинаҳои беҳтару хубтареро касб кардаанд.

Дар мулоқот ҳамчунин оид ба муносибатҳои дӯстонаи ду мамлакат табодули афкор сурат гирифта, ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг, маориф ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Мо омодаем, ки баҳри таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон хусусан ҳамкории байнипарлумонӣ  талошҳои муштарак ба харҷ диҳем. Дар муносибатҳои байнидавлатии мо фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудааст. Мо аз ин сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ менамоем»,-афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар фарҷоми мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода афзуд, ки  яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Туркия мебошад.

Манбаъ: parlament.tj

Tags: