Ҳайати расмии АМА ба Тоҷикистон меояд
Опубликовано ср, 12/10/2016 - 10:33 пользователем tvt10 октябри соли равон вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) Баҳодур Шарифӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии АМА оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ Муҳаммад Шараф баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ дурнамои рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ, инчунин сафари дарпешистодаи ҳайати расмии АМА ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.


Аз рӯи натиҷаи озмуни ҷаҳонии «Сад макони беҳтарини сайёҳӣ», ки дар шаҳри Любляниеи кишвари Словения баргузор гардид, кӯҳҳои Помир ба номгӯи минтақаҳои тамошобоби сайёҳии ҷаҳон ворид гардиданд. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамагӣ ду мавзеъ- яке Юрмала дар кишвари Латвия ва дигаре кӯҳҳои Помири Тоҷикистон ба ин унвон сазовор гаштаанд.