Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо кормандони милитсия дар вилояти Суғд
Опубликовано сб, 18/03/2017 - 11:35 пользователем tvt
Дирӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо ҳайати шахсии Раёсаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти мазкур вохӯрӣ доир намуд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.


Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои боронӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, аз 21 то 23 март ҳавошиносон дар қаламрави мамлакат эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе минтақаҳо шиддатнок, раъду барқ ва боридани жоларо пешбинӣ менамоянд.
Оид ба пешгирӣ ва назорати эпидимиологии бемории «сурхча» ва «гулафшон» дар Раёсати тандурустии вилояти Хатлон бо иштироки аъзои ситод ва менеҷерҳои КАТС-и ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ҷамъомади вилоятӣ гузаронида шуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.