Дар Хатлон фаъолияти сохторҳои тандурустӣ зимни даъвати навбатии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ баррасӣ гардид

Фаъолияти сохторҳои тандурустӣ ҳангоми даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар ҷаласаи мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон муҳокима гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои таҳлили вазъи хизматрасонӣ ба занони ҳомила дар давраи антенаталӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии (КАТС) вилояти Хатлон, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои ёрии таъҷилӣ, вазъи хизматрасониҳои тиббӣ дар марказҳо ва шуъбаҳои бемориҳои дил мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа менеҷерони сохтори госпиталӣ, кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои солимии репродуктивӣ, сартабибони комиссияи даъватӣ-тиббии ҳарбии комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, директорони марказҳои таъҷилӣ ва шахсони мутасаддӣ оид ба иҷрои барномаҳои миллӣ иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷамъомад масъалаи тайёрии ҷавонон барои даъват ба сафи Артиши миллӣ ва вазъи солимии онҳоро муҳокима намуданд.

АМИТ «Ховар»