Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ ва гузоштани санги асос барои бунёди корхонаҳои нав дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни картошка, сабзавоту меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагиҳои деҳқонӣ пешниҳод гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои  вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолиро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз руйи лавҳаи рамзӣ бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы