Хабар

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев маросими имзои 20 санади нави ҳамкорӣ бургузор шуд.

Нахуст сарони давлатҳо зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин ба имзо расид:

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев дар шаҳри Остона дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ бинои муосиру хуштарҳи сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия

06.11.2026, шаҳри Душанбе

 

Ҳамватанони азиз!

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки бевосита аз ҷониби халқи кишвар, яъне бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, дар раванди ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мардуми мо ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад.

Страницы