Дар Душанбе Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт
Опубликовано ср, 30/08/2017 - 09:16 пользователем tvt
Ба ифтихори таҷлил аз 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, воқеъ дар шаҳраки «Шифобахш»-и ноҳияи Сино мавриди истифода қарор гирифт.


Аъзои Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона дастгирӣ менамоянд.
Аз 21 то 26 августи соли равон дар вилояти Суғд Ҳафтаи Рӯзҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд баргузор гардид. Тӯли як ҳафта зиёда аз 800 нафар зодагони Бадахшон дар вилояти Суғд фарҳанги мардуми кӯҳистонро намоиш доданд.