Дар шаҳри Ваҳдат панҷумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад
Опубликовано ср, 06/09/2017 - 12:21 пользователем tvt
5 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи дзюдои Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Мусобиқаи 5-уми байналмилалӣ оид ба дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.


Моҳи августи соли равон беш аз 1 ҳазору 503 нафар шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ ба шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе муроҷиат намудаанд.
Бегоҳии дирӯз дар назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо садои карнаю сурнай, рақсу бозии ҳунармандон ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, илму адаб ва мухлисони зиёди саҳнаи театри тоҷик маросими кушодашавии 88-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.