Иштироки дипломатҳои тоҷик дар давраҳои омӯзишии Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия
Опубликовано чт, 07/09/2017 - 09:12 пользователем tvt
Аз 4 то 29 сентябри соли равон бо ташаббуси Вазорати федеролии корҳои хориҷии Германия дар шаҳри Берлин давраҳои омӯзишии дипломатҳои ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор мегарданд. Барои иштирок дар ин давраҳои омӯзишӣ се намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват гардидаанд.


Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди нигарониҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар робита ба озмоиши навбатии силоҳи ҳастаӣ 3 сентябри соли 2017 дар Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Корея ҳамақида мебошад ва изҳор менамояд, ки ин гуна иқдомҳои таҳрикомези Пхенян таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ эҷод менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Муколамаи кишварҳои рушдёбанда ва давлатҳои аъзои БРИКС дар ҳошияи Ҳамоиши БРИКС, ки дар шаҳри Сямени Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, суханронӣ намуда, оид ба омилҳои беҳтар намудани сатҳи некӯаҳволии мардумон чунин зикр карданд: «Қисмати дигари муҳими стратегияи баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мард