Хабар

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо Рӯзи забони давлатиро таҷлил карданд

Дар даврони истиқлолият забони модарии мо ба куллӣ симои худро дигаргун намуда, ба забони тавонои расмиву давлатии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфт. Он дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифта, оҳиста — оҳиста ба забони робитаҳои байналмилалӣ ва муоширати байни халқҳои сокини ҷумҳурӣ мубаддал гардид.

Нисбат ба афроде, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад

Дар оянда дар Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки аз супоридани алимент саркашӣ менамоянд, парвандаи ҷиноятӣ боз карда мешавад. Дар ин росто 2 октябр вакилони палатаи поёнии Парлумон ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.

«Мавқеи забон ва тарзи баён дар навиштор ва гуфтор»-ҳамоиш бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

Пагоҳ, 3 октябр, соати 10:00 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар мавзӯи «Забон – омили ҳастии миллат» ҳамоиш баргузор мегардад.

Страницы