Бо супориши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона фиристонида мешавад
Опубликовано вт, 06/09/2022 - 12:22 пользователем tvtТВТ. 06.09.2022. Имрӯзҳо мардуми Ҷумҳурии Исломии Покистонро бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд.
Бар асари офатҳои табиӣ 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони кишвар зарар дидаанд.