Хабар

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд

ТВТ. 07.09.2022. 7-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ муҳтарам Лиз Трасс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Имрўз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва намояндагони сохторҳои Кумита маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дидан намуд

ТВТ. 07.09.2022.  6 сентябр ҳайати тиҷоратии шаҳри Қунияи Туркия ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта, баъд аз мулоқот бо роҳбарияти вилоят ва ноҳия аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ва дигар корхонаҳои саноатӣ боздид ба амал овард.

Страницы