Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оид ба баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ ҳамоиш оғоз гардид
Опубликовано сб, 28/10/2017 - 10:38 пользователем tvt
Дирӯз дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ» дар мавзӯи «Масоили иҷтимоию иқтисодии ташаккули шакли инноватсионии иқтисодиёт ва баланд бардоштани сифати сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ оғоз шуд.


Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишонаи 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.