Қӯшунҳои сарҳадӣ: аз савганди ҳарбии сарбозони навдаъватшуда то хатми курсҳои махсуси прапоршикӣ

Бахшида ба рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ маросими бошукӯҳи тантанавӣ баргузор шуд.

Тавре  аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон изҳор намуд, ки «маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии аскарону афсарон имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».

Дар ҷамъомад беш аз 370 нафар сарбозони навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд карданд ва ҳамзамон зиёда аз 85 нафар хамткунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати махсусӣ прапоршикон бо дипломҳо ва рутбаҳои ҳарбии прапоршик сарфароз гардиданд.

Пас аз маросими савгандёдкунӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди меҳмонон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш доданд.

Афсарони ҷавоне, ки бо рутбаҳои Прапоршик сарфароз гардиданд, барои идомаи хизмати Ватан-Модар ба отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд.

АМИТ "Ховар"