Дар Вазорати корҳои хориҷӣ муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Франсия баррасӣ шуданд
Опубликовано чт, 23/11/2017 - 15:30 пользователем admin
23 ноябри соли 2017 дар ҳошияи иштирок дар машваратҳои сиёсии байниидоравӣ миёни Тоҷикистон ва Франсия вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо роҳбари ҳайати Франсия, директори Департаменти Аврупои Континенталии Вазорати умури Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия хонум Флоранс Манжан барпо гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.


Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони хонанишин ва аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 24 ноябри соли 2017, аз соати 1100 то 1400 дар пойтахт мусобиқаҳои варзишии «Веломарафон» ва «Дави миллӣ» баргузор мегарданд.