Хабар

Сарвазири Ироқ дар бораи шикасти ҳарбии гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» хабар дод

Ироқ гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ»-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) шикасти ҳарбӣ дод, вале ғалабаи ниҳоӣ пас аз пок сохтани минтақаҳои саҳроии кишвар эълон хоҳад шуд. Дар ин бора сарвазири Ироқ Ҳайдар ал-Ибодӣ зимни суханрониаш, ки тавассути телевизиони давлатӣ пахш мегардид, изҳор дошт.

В.Путин: «Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқта гузошта мешавад»

Ояндаи наздик дар Сурия ба мубориза бар зидди терроризм нуқтаи ниҳоӣ гузошта мешавад, ҳарчанд ки мабдаҳои ин мушкилот боз пайдо хоҳанд шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Насрединов И.Ҳ.

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 22 ноябри соли 2017 №535
ш. Душанбе

Дар бораи муовини Вазири
корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Насрединов И.Ҳ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Насрединов Исматулло Ҳикматуллоевич муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Страницы