Вакилони Парлумон ғалла ва маҳсулоти коркарди онро баррасӣ карданд
Опубликовано пн, 11/12/2017 - 13:21 пользователем tvtИмрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он» мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Тоҷикистон дар Япония Ҳамроҳхон Зарифӣ аз паҳлавони шинохта Комроншоҳи Устопириён, ки баъди лат хӯрданаш дар мусобиқаи «Тоскулоҳи бузург” дар Токио табобат мегирифт, аёдат кардааст. Комроншоҳ, ки ҳафтаи гузашта дар ин мусобиқа қабурғаҳояш шикаст, табобатшро акнун дар Германия идома медиҳад.