Хабар

Дар Душанбе Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ зери бренди «Рахш таксӣ» таъсис дода шуд

Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Сайёҳон» ва таҳти сарпарастии Федератсияи футболи Тоҷикистон марҳилаи аввали Маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо 50 адад мошинҳои сабукрав зери бренди «Рахш таксӣ» таъсис дода шуд.

Рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, рӯзҳои истироҳатӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои  тағйирёбандаи абрнок дар назар аст.

Имрӯз, 10 феврал ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 дараҷа сард ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар шарқи ин вилоят ҳаво шабона 18-23 ва рӯзона 2-7 дараҷа сард мегардад.

Страницы