Хабар

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея мулоқот намуд

27 феврали соли равон мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо Кордори Сафорати Ҷумҳурии Корея Ли Вучёл баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-и Тоҷикистон дар Давҳа муаррифӣ мешавад

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо Мудири кулли Бунёди фарҳангии «Катара»  доктор Холид Иброҳим ал-Сулайтӣ 26 феврали соли 2018 мулоқот намуд.

Дар Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ карда шуда, дар баъзе ноҳияҳо фаромадани туман дар назар аст.

Имрӯз, 28 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 дараҷа ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы