Хабар

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани борон дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст.

Имрӯз, 24 феврал дар вилояти Суғд ҳаво абрноки бебориш  буда, шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-7 дараҷа ва рӯзона 10-12 дараҷа гарм хоҳад шуд.

БОРИ АВВАЛ ДАР ДУШАНБЕ! Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ Фестивали “Наврўз-мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мешавад

Таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ   22 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе тибқи Нақшаи чорабиниҳои “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, Фестивали “Наврўз —  мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мегардад. Ин фестивал бори аввал роҳандозӣ карда мешавад.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

23 феврал дар Кохи Борбад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 25 — солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Страницы