Ёсуман ва Манижа сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд
Опубликовано вт, 06/03/2018 - 10:13 пользователем tvt
Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева сазовори стипендияи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гардиданд. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба номбурдаҳо ба маблағи 250 (дусаду панҷоҳ) сомонӣ дар як моҳ барои нуҳ моҳи соли хониши 2017-2018 стипендия таъйин гардид.


Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 2 марти соли 2018 «Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 –2021» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии ин барнома тасдиқ гардид.